Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон беш аз 20 узви ДИИШ* боздошт шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон беш аз 20 узви ДИИШ* боздошт шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон беш аз 20 узви ДИИШ* боздошт шуданд

Нашр шуд

Аъзои ДИИШ* дар арафаи ҷашни Наврӯз бо қасди заҳролуд кардани мардум як ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон тарҳрезӣ карда буданд.

Беш аз 20 узви созмони террористии «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ)*, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ аст, барои омода кардани ҳамлаи террористӣ бо заҳролуд кардани одамон дар остонаи ҷашни Наврӯз боздошт шуданд.

Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

«Аз як амали террористӣ, ки заҳролуд кардани як гурӯҳи одамон дар остонаи ҷашни Наврӯзро дар назар дошт, пешгирӣ карда шуд. Беш аз 20 нафар, ки узви созмони террористии ДОИШ* мебошанд, боздошт шуданд», - гуфт Юсуф Раҳмон.

Додситони кулл қайд кард, ки "баррасии парвандаи ҷиноии онҳо дар ҳоли ҳозир дар додгоҳ идома дорад". 

«Дар рафти тафтишот [маълумот] дар бораи иртиботи онҳо бо дигар созмонҳои террористӣ пурра баррасӣ ва қарорҳо қабул карда шуданд», - гуфт ӯ.

Хотиррасон мекунем, ки хабаргузории «Азия Плюс» рӯзи 29 марти соли ҷорӣ аз боздошти 15 нафар дар Тоҷикистон бо гумони омода кардани ҳамлаҳои террористӣ хабар дод. Аммо хабаргузории расмии «Ховар» рӯзи 3 апрел бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ин хабар асосӣ воқеӣ надорад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ин кишвар се амали террористӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон аз ду ҳамлаи террористии дигар пешгирӣ карда шуд.

*- созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед