Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон шумораи худравҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шумораи худравҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
Акс: khabarikhush.tj

Дар Тоҷикистон шумораи худравҳо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст

Нашр шуд

Вазорати таробарӣ (нақлиёт)-и Тоҷикистон хабар дод, ки тайи як соли охир шумораи худравҳо дар ин кишвар 66 ҳазор адад зиёд шуд.

Ин ниҳод бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба таърихи 1-уми марти соли ҷорӣ дар ин кишвар расман 666 ҳазору 74 адад анвоъи худрави сабукрав, боркаш, мусофирбар ба сабт расидааст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилоъи Вазорати таробарии Тоҷикистон соли қабл ин нишондод ба 601 ҳазору 136 баробар буд.

Дар идома зикр мешавад, ки дар айни замон дар Тоҷикистон 562 ҳазор худрави сабукрав ба сабт расидааст. Гуфта мешавад, ки барои қиёс дар соли 1991 дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор худрави хусусии сабукрав мавҷуд буд.

Таъкид мешавад, ки ба таърихи 1-уми марти соли 2023 дар Тоҷикистон 51 ҳазору 781 худрави боркаш, 16491 мусофирбар, 524 ҳазору 45 сабукрав ва ҳамчунин 4419 ядак ва нимядак ба сабт расидааст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2023 воридоти худравҳое, ки то соли 2013 истеҳсол шудаанд, ба ин кишвар манъ карда шудааст.

Аз сӯйи дигар зикр мешавад, ки дар як соли охир ба Тоҷикистон ворид кардани  худравҳои барқӣ низ афзудааст. Дар соли гузашта ба Тоҷикистон тақрибан 1,5 ҳазор мошини барқӣ ворид шуда, ин кишвар ният дорад, ки ҳиссаи худравҳои барқиро  то 30% афзоиш диҳад.

Бояд гуфт, ки соли 2022 ба Қонуни молиёт (Кодекси андоз)-и Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он воридоти таробарии барқӣ ба ин кишвар барои даҳ сол аз боҷи гумрукӣ ва молиёт озод аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед