Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон соли 2022 ҳаҷми рекордии нерӯи барқ тавлид шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон соли 2022 ҳаҷми рекордии нерӯи барқ тавлид шудааст
Акс: Бонки тавсеъаи осиёӣ

Дар Тоҷикистон соли 2022 ҳаҷми рекордии нерӯи барқ тавлид шудааст

Нашр шуд

Кишвардори Тоҷикистон гуфт, ки соли 2022 дар ин кишвар 21,4 млрд кв-соат барқ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бесобиқа аст.

Дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 24-уми январ баргузор шуд, аз соли 2022 натиҷагирӣ шуда, самтҳои асосии рушди ин кишвар барои соли 2023 муайян гардид.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш таъкид кардааст, ки соли 2022 дар ин кишвар ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ба 21,4 миллиард киловат - соат расонида шуд, ки ин нишондиҳандаи баландтарини даврони соҳибистиқлолӣ аст. Гуфта мешавад, ки соли гузашта тавлиди барқ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2021-ум 776 миллион киловат - соат ё 3,8 дарсад зиёд шуд.

Ҳамзамон бо ин раисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорати энержӣ ва захираҳои об, ширкатҳои «Барқи тоҷик» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» супориш дод, ки барои татбиқи лоиҳаҳои кам кардани талафоти нерӯи барқ дар шаҳру ноҳияҳои ин кишвар, ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони нерӯи барқ чораҷӯӣ намуда, ҷамъоварии саривақтии маблағи нерӯи барқро аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо таъмин намоянд.

Ҳамчунин Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои бунёду таҷдиди иқтидорҳои энержии ин кишвар, татбиқи лоиҳаҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ иқдом кунад.

Илова бар ин Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки ҳангоми бунёду бозсозии иншооти таъйиноти иҷтимоиву иқтисодӣ аз усул (принсип)-ҳои «иқтисоди сабз» кор бигиранд.

Бо назардошти ин омӯзиши имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии панелҳо ва таҷҳизоти офтобӣ дар дохили Тоҷикистон зарур дониста шудааст.

Инчунин Вазорати энержӣ ва захираҳои об якҷо бо ширкатҳои «Барқи тоҷик», «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва «Шабакаҳои интиқоли барқ» вазифадор шудаанд, ки фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон дар давраи боқимондаи зимистони соли 2023-ро таъмин кунанд.

Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳо бо такя ба маълумоти сокинони бумӣ (маҳаллӣ) навиштаанд, ки тайи чанд рӯзи охир мавридҳои зиёди қатъи дубораи нерӯи барқ дар манотиқи Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Сокинони манотиқи гуногун гуфтаанд, ки барқи онҳо аз соати 22:00 то 05:00 хомӯш карда мешавад.

Ёдовар мешавем, рӯзи 11-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ба ширкати «Барқи тоҷик» супориш дода буд, ки маҳдудият ё «лимит»-и интиқоли барқро дар тамоми ин кишвар аз байн бардошта, аҳолиро шабонарӯзӣ бо нерӯи барқ таъмин кунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед