Ru  | Tj
Дар як рӯз 60 ҳазор ва дар маҷмӯъ 1,5 миллион. Вазорат омори нафарон ваксинагирифтаро нашр кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар як рӯз 60 ҳазор ва дар маҷмӯъ 1,5 миллион. Вазорат омори нафарон ваксинагирифтаро нашр кард
Акс: Хадамоти матбуоти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Дар як рӯз 60 ҳазор ва дар маҷмӯъ 1,5 миллион. Вазорат омори нафарон ваксинагирифтаро нашр кард

Нашр шуд

Танҳо рӯзи 11-уми август дар Тоҷикистон беш аз 60 ҳазор ва дар маҷмӯъ беш аз 1,5 миллион шаҳрванди кишвар ваксинаи зидди коронавирус гирифтаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, то санаи 11-уми августи соли равон ба 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар ва танҳо дар рӯзи 11-ум ба 60 ҳазору 823 нафар ваксина зада шудааст.

Манбаъ гуфт, ки то ин рӯз беш аз 130 ҳазор нафар вояи дуюми ваксинаро гирифтаанд.

Ҳамчунин дар вазорат аз масъулияти баланди шаҳрвандон ситоиш карданд, ки бо ҳисси масъулияти баланд ба макарзҳои саломатии маҳалли зисташон муроҷиат карда, ваксина гирифта истодаанд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 3-юми июл бо судури қароре гирифтани ваксинаро барои шаҳрвандони аз 18 сола боло ҳатмӣ муқаррар карда буд.

То имрӯз ба Тоҷикистон ҳудуди 4 миллион воя ваксина ворид шудааст. Ҳоло дар кишвар се намуд ваксина – AstraZeneca, CoronaVac ва Moderna ба мардум пешниҳод мешавад.

Қаблан Вазорати тандурустӣ эълон карда буд, ки бояд то охири сол 62,5 фисади сокинон ваксина бигиранд.

40 нафар мубтало ва 42 нафар шифоёфта: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед