Ru  | Tj
Дар Ӯзбекистон барои ба кори иҷборӣ ҷалб кардани муаллимон ҷазо хоҳанд дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Ӯзбекистон барои ба кори иҷборӣ ҷалб кардани муаллимон ҷазо хоҳанд дод
Акс: uznews.uz

Дар Ӯзбекистон барои ба кори иҷборӣ ҷалб кардани муаллимон ҷазо хоҳанд дод

Нашр шуд

Раисҷумҳури Ӯзбекистон рӯзи 27-уми март қонунеро имзо кард, ки дар он барои ҷалби маҷбурии омӯзгорон ба корҳое, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ рабт надорад, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ муқаррар шудааст. Дар ин бора Комил Алламҷонов, муовини раҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Ӯзбекистон дар телеграмм-канали худ хабар медиҳад.

Қаблан дар қонунгузории Ӯзбекистон барои ҷалби маҷбурӣ ба кор ҷазои маъмурӣ ва ҷиноӣ вуҷуд дошт. Аммо моҳи декабри соли 2022 мудири бахши дастгоҳи раисҷумҳури Ӯзбекистон Саида Мирзиёева пешниҳод кард, ки барои ҷалби маҷбурии омӯзгорон, ки ба фаъолияти омӯзгории онҳо рабт надоранд, ҷавобгарии ҷудогонаи маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шавад.

Бад-ин тартиб минбаъд барои маҷбур кардани муаллимон ба ҳар кори ғайрикасбӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ татбиқ мешавад.

Ба унвони мисол, барои ҷалби маҷбурӣ ба кор ба маблағи 30 миллион сӯм (2628 доллар) ҷарима таъйин мешавад ва агар кори иҷборӣ нисбати омӯзгорон сурат гирифта бошад, маблағи ҷарима 1,5 маротиба то 45 миллион сӯм (3642 доллар) афзоиш меёбад.

Ҳамин тариқ, дар Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон низ барои ҷалби такрории омӯзгорон ба меҳнати маҷбурӣ дар ҳама гуна шакл ҷавобгарии махсуси ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Агар қаблан ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда бошад, гунаҳкор аз 45 то 60 миллион сӯм дубора ҷарима мешавад. Инчунин нафари гунаҳкор метавонад ба маҳдуд кардани озодиҳояш аз 3 то 5 сол ва ё ба ҳамин муҳлат ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шавад.

Дар баробари ин барои монеъ шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ низ ҷавобгарии маъумурӣ пешбинӣ шудааст. Агар ин ҷиноят аз тарафи шахси алоҳида содир карда шавад, ба маблағи аз 2,1 млн то 4,5 миллион сӯм (аз 184 то 394 доллар) ҷарима мешавад ва агар гунаҳкор шахси мансабдор бошад, аз 3 млн то 6 миллион сӯм (аз 262 то 525доллар) ҷарима месупорад.

Аз сӯйи дигар то ин замон барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ин замина танҳо ҷарима пешбинӣ шуда буд, аммо ҳамакунун мансабдороне, ки такроран ба чунин қонуншиканӣ даст задаанд, метавонанд ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шаванд.

Дар ҳамин ҳол Саида Мирзиёева, духтари раисҷумҳури Ӯзбекистон дар телеграмм-канали худ имзои ин қонунро як рӯзи таърихӣ барои омӯзгорони кишвараш унвон кардааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед