Ru  | Tj
Дастаи футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё чаҳорум шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дастаи футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё  чаҳорум шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дастаи футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё чаҳорум шуд

Нашр шуд

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар Қаҳрамонии Осиё соҳиби мақоми чаҳорум шуд.

Рӯзи 28-уми апрел дар Бангкок 17-умин қаҳрамонии футзали Осиё ба поён расид. Дар бозӣ барои ҷойи севум дастаи яккачини футзали Тоҷикистон бо тими миллии Узбекистон вориди рақобат гардид.

Бозии дастаҳо дар бунгоҳи варзишии «Бангкок Арена» сурат гирифта, бо пирӯзии тими миллии Узбекистон анҷом ёфт. Вақти асосии рақобат мусовӣ бо ҳисоби 5:5 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналтӣ футзалбозони Узбекистон бо ҳисоби 3:1 дастболо шуданд.

Бо ин вуҷуд тими миллии футзали Тоҷикистон дар Тайланд таърихсозӣ карда, роҳхати Ҷоми ҷаҳонии футзалро дар Ӯзбекистон ба даст овард. Футзалбозони тоҷик барои аввалин бор ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё дар таърих роҳ ёфта, ҳамчунин барои аввалин бор дар таърих  роҳхати иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии футзалро соҳиб шуданд.

Дар ҳамин ҳол тими миллии футзали Эрон бори 13-ум қаҳрамони Осиё шуд. Дар бозии ниҳоии мусобиқа тими мизбон Тайланд бо дастаи яккачини футзали Эрон вориди рақобат шуд.

Дидори дастаҳо дар бунгоҳи варзишии “Бангкок Арена” барпо шуда, бо ҳисоби 1 бар 4 ба фоидаи тими миллии Эрон анҷом ёфт.

Беҳтарин дарвозабони мусобиқа Боқир Муҳаммадӣ аз тими миллии Эрон эътироф шуд. Саид Аҳмад Аббосӣ бо 8 гол аз дастаи Эрон беҳтарин нишонзани мусобиқа эътироф гардид.

Тими миллии футзали Тайланд маротибаи севум дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё ноком шуд. Тими футзали Эрон маротибаи 13-ум унвони қаҳрамониро дар Ҷоми футзали Осиё болои сар бардошт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед