Ru  | Tj
Дастури Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани парвозҳо

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дастури Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани парвозҳо
Расм аз funik.ru

Дастури Эмомалӣ Раҳмон оиди барқарор намудани парвозҳо

Нашр шуд

Дар ҷаласаи васеи ҳукуматӣ, ки тақрибан як рӯз идома ёфт ҳамаи масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни ҷаласа Президент Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур дод, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон супориши роҳбари давлатро ба инобат гирифта бояд дар муддати кутоҳ масъалаи барқарор намудани парвозҳо, бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва ташкили хатсайрҳои навро ба роҳ монанд.

Шаҳрвандони тоҷик имрӯзҳо барои ба ватан баргаштан аз парвозҳои чартерӣ истифода мебаранд ва ё тавассути кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон, Қирғизистон.

Мавзуъҳои асосӣ дар паёми Эмомалӣ Раҳмон




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед