Ru  | Tj
Дави миллӣ дар Тоҷикистон: имсол кай ва дар куҷо баргузор мегардад?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дави миллӣ дар Тоҷикистон: имсол кай ва дар куҷо баргузор мегардад?
Акс: Интернет

Дави миллӣ дар Тоҷикистон: имсол кай ва дар куҷо баргузор мегардад?

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми май рӯзи Дави миллӣ эълон шудааст.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кулли кишвар Дави миллӣ бахшида ба Рӯзи "Ҷавонони Тоҷикистон" баргузор мегардад. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба иттилоъ Дави миллӣ имсол дар шаҳри Душанбе соати 8.00 оғоз ёфта, аз мавзеи дидбонгоҳи Чорбоғ воқеъ дар самти шоҳроҳи Варзоб - Душанбе то Наврӯзгоҳи пойтахт давом мекунад.

Бояд гуфт, ҳамасола дар Тоҷикистон дави миллӣ бо тантана баргузор гардида, ба он шахсони воломақоми давлатӣ ва дигар мансабдорон низ иштирок мекунанд.


Шӯрои уламои Тоҷикистон: 13-уми май Иди Фитр ва вақти намози Ид соати 6.00


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед