Ru  | Tj
Шӯрои уламои Тоҷикистон: 13-уми май Иди Фитр ва вақти намози Ид соати 6.00

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шӯрои уламои Тоҷикистон: 13-уми май Иди Фитр ва вақти намози Ид соати 6.00
Акс: Интернет

Шӯрои уламои Тоҷикистон: 13-уми май Иди Фитр ва вақти намози Ид соати 6.00

Нашр шуд

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз тибқи қарори худ Рӯзи иди Фитрро муайян кардааст.

Шӯрои уламои Тоҷикистон 13-уми майро рӯзи Иди Фитр эълон кард. Ба гуфтаи ин ниҳод вақти намози Ид соати 06.00-и субҳ дар тамоми Тоҷикистон  фаро мерасад ва намоз дар ин вақт хонда мешавад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст, метавонанд закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаи шаҳидоне, ки дар роҳи муҳофизати марзу буми Ватан қурбон шудаанду оилаҳои онҳо бесаробон мондааст, бидиҳанд.

Ҳамчунин ниҳоди мазкур имомхатибонро вазифадор кардааст, ки барои расонидани кӯмаки модди ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.


Борони пуршиддат, жола ва селфароӣ: пешгӯии Агентии обуҳавошиносӣ ва ҳушдор ба мардум


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед