Ru  | Tj
Девони муваққатии Афғонистон дар ҳукумат ба 34 узви ҳаракати Толибон вазифа дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Девони муваққатии Афғонистон дар ҳукумат ба 34 узви ҳаракати Толибон вазифа дод
Акс: Ведомости

Девони муваққатии Афғонистон дар ҳукумат ба 34 узви ҳаракати Толибон вазифа дод

Нашр шуд

Мулло Абдулмаҷид Охунд вазифаи Вазир оид ба корҳои шаҳидон ва маъюбонро ба зимма гирифта, мақоми роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ба ӯҳдаи Мавлавӣ Мати ул-Ҳаққ гузошта шуд.

Ба иттилои "ТАСС", ҳукумати муваққатии Афғонистон, ки аз ҷониби ҷунбиши радикалии "Толибон"* таъсис ёфтааст, 34 толибро ба вазифаҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазорат таъин кардааст. Фармони дахлдор рӯзи душанбе дар шабакаи иҷтимоии Твиттер дар саҳифаи намояндаи Толибон ва муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Афғонистон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид нашр шудааст.

Маълум гардид, ки танҳо намояндагони Толибон*, ки унвонҳои гуногуни динӣ доранд, мансаб гирифтаанд. Аз ҷумла, чор қорӣ, 16 мулло (руҳониёне, ки мадрасаро хатм намудаанд) ва 14 мавлавӣ (муллоҳое, ки маълумоти махсуси динӣ доранд) дар ҳукумати муваққатии Афғонистон соҳибмансаб шудаанд.

Ба ҳамин минвол, Мавлавӣ Абдул Кабир муовини сарвазир оид ба масъалаҳои сиёсӣ таъин карда шуд. Мулло Нуруддини Туробӣ, ки чанд муддат қабл аз дубора оғоз шудани амалияи қатли оммавӣ дар кишвар хабар дод, муовини роҳбари Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Афғонистон шуд.

Қисми боқимондаи намояндаи Толибон* асосан ба вазифаҳои роҳбарони маъмуриятҳои вилоятӣ ва ё муовинони раисони музофот таъин шудаанд.

Қарор оид ба таъиноти кадрӣ аз ҷониби пешвои олии Толибон* Мавлавӣ Ҳайбатулло Охундзода тасдиқ гардидааст.

Гуфта мешавад, ки қариб ҳамаи мансабдорони навтаъиншуда намояндагони пуштунҳо мебошанд.

Пас аз оне, ки Амрико артиши худро аз Афғонистон баровард, дар фурсати кӯтоҳ ҳаракати Толибон* Афғонистонро тасарруф карда, ният доранд, ки Аморати Исломии Афғонистонро таъсис диҳанд.

*- Ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон.




Намояндаи Толибон*: Ба марзи Тоҷикистон сарбоз нафиристодаем

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед