Ru  | Tj
Дидори Сафир бо Дабири кулл ва баррасии равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дидори Сафир бо Дабири кулл ва баррасии равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷ
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дидори Сафир бо Дабири кулл ва баррасии равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷ

Нашр шуд

Акрам, Каримӣ, Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии халиҷи Форс мулоқот кард.

Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ бо баёни ин хабар навишт, ки дар дидори Акрам Каримӣ ва доктор Нойиф Ал-Ҳаҷраф масоили марбут ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии халиҷи Форс баррасӣ шудааст.

“Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ШҲДАХФ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо инчунин перомуни қазияҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд”. – иттилоъ додааст манбаъ.

Шӯрои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ (GCC) сохтори минтақавие мебошад, ки шаш давлати арабӣ — Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Кувайт, Баҳрайн ва Уммон аъзои он ҳастанд. 

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамоише дар масъалаи Интихоботи Президенти Тоҷикистон гузаронд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед