Ru  | Tj
Додситонии кулли Қазоқистон бори нахуст теъдоди қурбониёни ошӯбҳои моҳи январро эълом кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Додситонии кулли Қазоқистон бори нахуст теъдоди қурбониёни ошӯбҳои моҳи январро эълом кард
Акс: Интернет

Додситонии кулли Қазоқистон бори нахуст теъдоди қурбониёни ошӯбҳои моҳи январро эълом кард

Нашр шуд

Дар ҷараёни ошӯбҳои оммавӣ, ки дар авоили моҳи январ дар чанд вилояти Қазоқистон рух дода буданд, 225 нафар кушта шудаанд. 

Тавре "Фергена" менависад, ҷасади одамони дар ошӯб ҳалокшуда ба мурдахонаҳои Қазоқистон интиқол ёфтаанд.

Гуфта мешавад, ки дар баробари кормандони пулис ва низомиён, инчунин сокинони осоиштаи Қазоқистон қурбони амалҳои террористӣ шудаанд.

Ба таъкиди манбаъ, дар Қазоқистон  дар умум 4578 ҳолати қурбонӣ сабт шуда, аз ин шумора 4353 нафар маҷрӯҳ шудаанд, ки 3393 нафари онҳоро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил медиҳанд.

Зикр мегардад, ки то имрӯз 598 нафар бемор аз беморхонаҳо мураххас шуда, 265 нафар ҳанӯз зери назорати пизишкон қарор доранд.

Ҳамзамон, дар шӯъбаи эҳёи беморхонаҳои Қазоқистон 67 нафар бемор дар ҳолати вазнин қарор дошта, табибон беш аз 500 амалиёти мураккаби тиббӣ анҷом додаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2-уми январ дар Қазоқистон тазоҳуроти эътирозӣ оғоз шуда, ба зудӣ ба ошӯб ва бенизомиҳо табдил ёфт. Рӯзи 4-уми январ шумори эътирозгарон дар саросари кишвар 38 ҳазор нафарро ташкил намуда,  5-уми январ ба 50 ҳазор нафар расида буд, ки дар ин рӯз Сарвари ин кишвар - Тоқаев дар мамлакат ҳолати фавқулоддаро ҷорӣ карда буд.


Қувваҳои сулҳофари СААД аз хоки Қазоқистон берун мешаванд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед