Ru  | Tj
Доктор Ширинбек Давлатмамадови 83 - сола дар Кореяи Ҷанубӣ ғолиби озмуни JIAPICH шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Доктор Ширинбек Давлатмамадови 83 - сола дар Кореяи Ҷанубӣ ғолиби озмуни JIAPICH шуд
Акс: Интернет

Доктор Ширинбек Давлатмамадови 83 - сола дар Кореяи Ҷанубӣ ғолиби озмуни JIAPICH шуд

Нашр шуд

Корманди шоистаи Тоҷикистон Ширинбек Давлатмамадов соҳиби Ҷоизаи байналмилалии тарғиби мероси фарҳангии ғайримоддӣ гардид.

Ба иттилои "Азия-плюс", доктор Ширинбек Давлатмамадов яке аз се барандаи Ҷоизаҳои байналмилалии Ҷонҷу барои пешбурди мероси фарҳангии ғайримоддӣ, 2021 (JIAPICH )  шуд, ки ҳамасола дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад.

Дар сомонаи ташкилкунандагони озмун JIAPICH Introduction қайд гардидааст, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудани Ҷоизаи Байналмилалии Ҷонҷу дар он аст, ки мероси фарҳангии ғайримоддӣ ташвиқ карда шавад. Инчунин, мероси ғайримоддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ новобаста аз миллат, қавм, дин, нажод, синну сол, ҷинс ё дигар ҷанбаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ё тамоюли фарҳангӣ ҳифз гардад.

Гуфта мешавад, ки имсол дар озмуни JIAPICH 44 нафар аз 29 кишвари олам  иштирок намуда, аз байни онҳо се нафар ғолиб гардид.

Ширинбек Давлатмамадов - Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷарроҳ, табиби халқӣ, роҳбари созмони ҷамъиятии "Гулу гиёҳ" мебошад. Мавсуф тӯли зиёда аз 60 соли фаъолияти касбии худ  даҳҳо ҳазор беморонро табобат кардааст.

Ширинбек Давлатмамадов соли 2002 ҳамчун Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда, соли 2013 ордени Гиппократҳои Академияи илмҳои халқии Русияро сазовар гашт.



"Фалак" ва атласу адрасбофӣ низ ба ЮНЕСКО пешниҳод мешаванд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед