Ru  | Tj
Донишгоҳи словӣ ва Фарҳангистони мудирияти давлатии Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Донишгоҳи словӣ ва Фарҳангистони мудирияти давлатии Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд
Акс: Дафтари матбуъотии Донишгоҳи словии Русияву Тоҷикистон

Донишгоҳи словӣ ва Фарҳангистони мудирияти давлатии Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Нашр шуд

Санади ҳамкории дуҷониба дар Маскав дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии созмонҳои вобастаи ИДМ ба имзо расид.

Раисони Донишгоҳи словии Русияву Тоҷикистон ва Фарҳангистони иқтисоди миллӣ ва хидмати давлатии Русия  Машраб Файзуллоҳ ва Алексей Комиссаров дар бораи ҳамкорӣ ва барномаҳои муштараки таълимӣ созишнома имзо карданд. Дар ин бора дафтари матбуъотии донишгоҳи словӣ хабар дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, санади ҳамкории дуҷониба дар шаҳри Маскав дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии созмони асосии ИДМ, ки дар чаҳорчӯби ҳамоиши Фарҳангистони мудирияти давлатии кишварҳои ИДМ баргузор гардид, ба имзо расид.

Гуфта мешавад, раиси донишгоҳи словии Русияву Тоҷикистон дар ин ҳамоиш бар аҳамияти тағйир додани тамоми низоми таълим, омодасозӣ ва донишафзоии кормандони давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ таъкид кард.

«Дар чаҳорчӯби ҳамоиши Фарҳангистонҳои мудирияти давлатии кишварҳои ИДМ мо бо ҳамкасбони худ як қатор санадҳоро ба имзо расонидем, ки амалисозии онҳо бешубҳа ҳамкориҳои моро таҳким мебахшад», - таъкид кардааст Комиссаров. 

Вай афзуд, ки дар баробари Донишгоҳи словии Русияву Тоҷикистон, ҳамчунин бо фарҳангистонҳои мудирияти давлатии Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва  Белорус низ созишномаҳо ба имзо расид. 

Ба гуфтаи Комиссаров, яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳо идомаи омӯзиши кормандони мудирият аз кишварҳои ИДМ дар Фарҳангистони иқтисоди миллӣ ва хидмати давлатии Русия мебошад ва изҳори итминон кард, ки «дар солҳои оянда корҳои муштарак тақвият хоҳад ёфт».

Ҳамзамон дар доираи ин ҳамоиш байни Фарҳангистони мудирияти давлатии Тоҷикистон ва Фарҳангистони иқтисоди миллӣ ва хидмати давлатии Русия низ созишномаи изофии ҳамкорӣ дар заминаи баргузории 2 давраи донишафзоӣ барои кормандони давлатии Тоҷикистон дар соли 2024 ба имзо расид.

Гуфтанист, Донишгоҳи словии Русияву Тоҷикистон соли 1996 бо қарорҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе таъсис шудааст. 

Донишгоҳ нахустин муассисаи таҳсилоти олии байнидавлатии ҳарду кишвар буда, аз мақоми донишгоҳҳои давлатӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия бархурдор аст. Дар айни замон дар Донишгоҳи словии Русияву Тоҷикистон наздики 6 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед