Ru  | Tj
Довари тоҷик барои ҳакамӣ ба Токио меравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Довари тоҷик барои ҳакамӣ ба Токио меравад
Акс: Интернет

Довари тоҷик барои ҳакамӣ ба Токио меравад

Нашр шуд

Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи бокс дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳакамӣ мекунад.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бори аввал дар таърихи бокси кишвар довари дараҷаи байналмилалӣ дар ин ришта Мансур Муҳиддинов дар Бозиҳои олимпӣ ҳакамӣ мекунад.

Ӯ қаблан аз ҷониби гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо даъват шуда буд ва пас аз нишон додани маҳорати баланди касбӣ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 даъват гардид.

Гуфта мешавад, ки аз кишварҳои ИДМ 5 нафар довар аз Россия, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ба ин чорабинии бузурги варзишӣ даъват шудаанд.

Мансур Муҳиддинови 44-сола а 5 сол узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс буд ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳам аст.

Варзишгарони тоҷик дар Қирғизистон сазовори медал шуданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед