Ru  | Tj
Довталабон аз Тоҷикистон аз ҳама бештар барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия ҳуҷҷат супориданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Довталабон аз Тоҷикистон аз ҳама бештар барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия ҳуҷҷат супориданд
Акс: Михаил Воскресенский/ РИА Новости

Довталабон аз Тоҷикистон аз ҳама бештар барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия ҳуҷҷат супориданд

Нашр шуд

Аз ҷониби довталабони хориҷӣ, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, беш аз 46 ҳазор ариза пешниҳод карданд, менависад Россотрудничество дар сафҳаи худ дар Фейсбук.

Шумораи бештари дархостҳо аз Тоҷикистон ворид шудааст - 5290. Инчунин довталабон аз Афғонистон низ ба таҳсил дар Русия шавқ доштанд ва аз он ҷо 3616 ариза ворид шудааст. 3006 нафар аз Узбакистон низ умед доранд, ки ба донишгоҳҳои Русия дохил мешаванд.

Ҳоло қабули ҳуҷҷатҳо аллакай ба итмом расидааст ва санҷишҳои дохилшавӣ идома доранд. Дар Тоҷикистон ҳарду марҳилаи имтиҳонҳои довталабони барномаҳои бакалаврӣ ва мутахассисӣ аллакай баргузор шудааст ва интихоби магистрҳо ва аспирантони оянда низ ба зудӣ хотима хоҳад ёфт. 

Хориҷиён дар озмуни ҷойҳои буҷетӣ тибқи квота, ки ҳар сол аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Россия ҷудо карда мешавад, ширкат меварзанд. Ёдовар мешавем, ки аз соли гузашта квотаи буҷа 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар соли 2022 он ба 23 ҳазор хоҳад расид ва аз соли 2023 он 30 ҳазор довталабро фаро хоҳад гирифт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед