Ru  | Tj
Душанбе ба "Шаҳри доно" мубаддал мегардад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе ба "Шаҳри доно" мубаддал мегардад
Акс: Sputnik

Душанбе ба "Шаҳри доно" мубаддал мегардад

Нашр шуд

Бонки рушди Авруосиё ба таҳияи лоиҳаи "Шаҳри доно" пардохт.

Ба иттилои расонаи хабарии "Спутник", Хазинаи ташаббусҳои рақамии Бонки рушди Авруосиё ба таҳияи лоиҳаи "Шаҳри доно", инчунин татбиқи ташаббусҳои рақамӣ дар пойтахти кишвар иқдом гузоштааст.

Ба таъкиди манбаъ, муовини раиси Бонки рушди Авруосиё Тигран Саркисян, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ва директори Корхонаи воҳиди давлатии  "Smart City"" Хайрулло Самадзода дар ҳуҷҷати ёддошти тафоҳум имзо гузоштаанд.

Таъкид мегардад, ҷонибҳо ба хулоса омадаанд, ки дар таҳияи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои рақамӣ дар шаҳри Душанбе ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳои озмоишӣ дар соҳаи трансформатсияи рақамӣ ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи онҳо дар сар то сари Тоҷикистон муштарак кор мекунанд.

Бонки рушди Авруосиё муассисаи байналмилалии молиявӣ буда, ба он Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд. Сармояи оинномавии бонки мазкур 7 миллиард долларро ташкил медиҳад.


Дар осорхонаи “Гиме”-и Париж Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон баргузор гардид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед