Ru  | Tj
Дар осорхонаи “Гиме”-и Париж Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон баргузор гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар осорхонаи “Гиме”-и Париж Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон баргузор гардид
Акс: Avesta.tj

Дар осорхонаи “Гиме”-и Париж Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон баргузор гардид

Нашр шуд

Дар Осорхонаи миллии санъати осиёии “Гиме”-и шаҳри Париж санаи 11-уми декабри соли 2021 Рӯзи бостоншиносии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар номаи иттилоотии Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса қайд гардидааст, Ҷамолиддин Убайдулло, Сафири Тоҷикистон дар ин кишвар, ҳангоми суханронии худ Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар осорхонаи "Гиме"-ро яке аз намунаҳои олии дастовардҳои муҳимми ҳамкориҳои 40 соли охири бостоншиносони тоҷику фаронсавӣ номидааст.

Ба таъкиди Сафорат, чорабинии мазкур дар шарикӣ бо Иттиҳодияи фаронсавии Шарқ роҳандозӣ гардидааст.

Зикр мегардад, ки дар маросими мазкур намояндагони Осорхонаи "Гиме", бостоншиносону тадқиқотчиён ва ҷомеаи шаҳрвандии Фаронса, фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқими пойтахти Фаронса, инчунин дигар намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ширкат варзидаанд.

Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи “Гиме”-и шаҳри Париж аз 13-уми октябри соли 2021 роҳандозӣ гардида, он то 10-уми январи соли 2022 давом мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса аз 3-юми марти соли 1992 то инҷониб робитаи дипломатӣ доранд.

Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар шаҳри Душанбе дар соли 2001 ифтитоҳ ёфта, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж бошад соли 2013 ба кор оғоз намудааст.

Бостоншиносони ҷавони ИДМ барои омӯхтани Ҳулбук омадаанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед