Ru  | Tj
Душанбе мизбони нахустин Қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Душанбе мизбони нахустин Қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон мешавад
Акс: Интернет

Душанбе мизбони нахустин Қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба бадминтон мешавад

Нашр шуд

Нахустин Қаҳрамонии минтақавии Осиëи Марказӣ дар риштаи бадминтон аз 11 то 15-уми августи имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ба иттилои Федератсияи бадминтони Тоҷикистон, дар нахустин Қаҳрамонии Осиëи Марказӣ дар риштаи бадминтон, ки рӯзи 11-уми август дар Душанбе оғоз меëбад, ҷавонони синни аз 15 то 17 аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон ва Эрон ширкат меварзанд.

Манбаъ меафзояд, сабқати мазкур дар «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе мегузарад ва масъулин барои дар сатҳи баланд баргузор шудани нахустин Қаҳрамонии Осиëи Марказӣ  оид ба бадминтон омодагии хуб дидаанд.

Аз ҷумла, қаблан барои доварони риштаи бадминтон машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор шуда, мутахассисони Федератсияи бадминтони кишвар ҷиҳати такмили ихтисос ва касби таҷриба ба  Малайзия сафар карда буданд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дувоздаҳ варзишари наврас - шаш духтар ва шаш писар намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, бадминтон бозӣ бо ракетка ва волан (тӯбчаи пардор) буда, аз бозиҳои кӯҳантарин дар ҷаҳон дониста мешавад ва аз намудҳои варзиши олимпӣ мебошад. Дар бадминтон ду бозигар ё ду даста иборат аз ду нафар бо ҳам рақобат мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз соли 1963 Федератсияи бадминтон вуҷуд дорад ва аз соли 1974 дар ҷумҳурӣ мусобиқаҳои варзишӣ дар ин ришта баргузор мегарданд.

Парчами Тоҷикистонро дар Қуния Раҳмонҷону Муниса мебардоранд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед