Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: "Агар сарҳадҳо боз шаванд, ҳатман карантини 14-рӯза ҷорӣ мешавад"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: "Агар сарҳадҳо боз шаванд, ҳатман карантини 14-рӯза ҷорӣ мешавад"

Эмомалӣ Раҳмон: "Агар сарҳадҳо боз шаванд, ҳатман карантини 14-рӯза ҷорӣ мешавад"

Нашр шуд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баромади худ дар паёми ба Маҷлиси Олӣ, оиди барққароршавии парвозҳои мунтазам сухан гуфтанд. 

Роҳбари давлат гуфтанд, ки бинобар сабаби набудани беморони бемории сироятии Covid-19 дар Тоҷикистон парвозҳои мунтазам ба зудди барқарор мешаванд, аммо, санаи барқароршавӣ маълум нест.

Инчунин, дар паём аз тарафи президент қайд карда шуд, ки Тоҷикистон бар коронавирус ғалаба кард, лекин ин маъно надорад, ки мо қоидаҳои беҳдошти муқарраршударо дар чунин шароит риоя накунем.

Хотиррасон мекунем, ки парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон бо Руси яаз моҳи марти соли 2020 қатъ гардида буд, ва баъдан танҳо анҷоми парвозҳои чартерӣ иҷозат гирифтанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед