Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Кӯлоб солҳои 90-умро ба хотир овард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Кӯлоб солҳои 90-умро ба хотир овард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Кӯлоб солҳои 90-умро ба хотир овард

Нашр шуд

То соли 2025 дар вилояти Хатлон ба миқдори 7,4 миллиард сомонӣ лоиҳаҳо амалӣ мегарданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президент, дар давоми 30 сол ҷиҳати таъмини рушди устувори соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят ва беҳтар кардани шароити зисти сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 62 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зиёда аз 80 лоиҳаи маблағгузорӣ ба арзиши 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 39 лоиҳаи дигар дар ҳоли татбиқ қарор дорад, ки дар доираи он то имрӯз 5,8 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Инчунин, дар ин давра ба вилоят зиёда аз 18,9 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб шудааст, ки 11,1 миллиард сомонии он сармояи мустақими хориҷӣ ва 7,8 миллиард сомонӣ сармояи мустақими дохилӣ мебошад.

Илова бар ин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии боз 345 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон ҳангоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои 90-ум ёд карда, қайд намуд: "Дар давраи даргириҳои даҳшатноки солҳои 90-ум вилояти Хатлон яке аз марказҳои бесарусомониҳо гардида буд. Ин ба он оварда расонд, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят зарари зиёди ҷониву моддӣ дида, ҳазорон манзили истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ ва иҷтимоиву истеҳсолӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва инфрасохтори коммуникатсионӣ сӯхта ва харобу валангор шуданд. Чунин шароит, табиист, ки хароҷоти зиёди молиявиро барои барқарорсозии иншооти харобгардида талаб мекард".

Сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Хатлон дар муқоиса ба соли 1999 дар соли 2019 ба 32,8 фоиз коҳиш ёфта, миқдори корхонаҳои саноатӣ (соли 1991 ҳамагӣ 75 ) то соли 2021 ба 626 адад расидааст.




Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи зодрӯзаш ба ятимон тӯҳфаю ба хизматчиёни ҳарбӣ хона тақдим намуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед