Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чинии худ паëми таслият фиристод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чинии худ паëми таслият фиристод
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои чинии худ паëми таслият фиристод

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон бо ирсоли номае ҳалокати шумори зиëди одамон бар асари зилзила дар Чинро ба раисиҷумҳур ва мардуми ин кишвар таслият гуфт.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар паëми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Си Ҷинпин, ки дирӯз фиристода шуд, аз ҷумла омадааст: "Хабари ба ҳалокат расидани шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бар асари зилзилаи шадид боиси андӯҳи амиқи мо гардид".

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи паëми худ бо эҳсоси ҳамдардӣ аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худаш ба Си Ҷинпин, наздикону пайвандони қурбониён ва тамоми мардуми Чин ибрози таслият намуда, ба ҷароҳатбардоштагон шифои комил хостааст.

Лозим ба зикр аст, ки дар вилояти Сичуани Чин дар пайи зилзилаи 6,8 балла беш аз 74 нафар ба ҳалокат расида, 26 нафари дигар беномунишон гаштанд. Дар вилояти мухтори Гантсзи-тибети ин кишвар низ заминҷунбӣ сабаби марги 40 нафар ва осеб бардоштани беш аз 170 тан гардид.

Аввалину охирин Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав даргузашт



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед