Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон ба Остона рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Остона рафт
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ба Остона рафт

Нашр шуд

Рӯзи 8 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Остонаи ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.

Тибқи иттилои расмӣ, дар доираи ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин ҳамоиши якуми сарони кишварҳо дар қолаби муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Ҷопон” ширкат хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки дар сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 9 август дар Остона ҳамчунин Ҷаласаи VI машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо нашри мақолае дар рӯзномаи "Казахстанская правда" таъкид кард, ки афзоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз манобеи афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварҳо хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Тоқаев, айни замон бо талоши муштараки кишварҳои минтақа ва зарфиятҳои ҳангуфт, Осиёи Марказӣ дар ҳоли табдил шудан ба як минтақаи имкониятҳои бузург дар бахши тиҷорат, сармоягузорӣ, илм ва навовариҳо аст.

Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 9-10 август инчунин Фумио Кишида, раиси ҳукумати Ҷопон ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом дода, ҳамзамон дар нахустин нишасти муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” ширкат мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед