Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли номае Президенти мунтахаби Туркманистонро табрик гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли номае Президенти мунтахаби Туркманистонро табрик гуфт
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли номае Президенти мунтахаби Туркманистонро табрик гуфт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паëме интихоби Сардор Бердимуҳаммадов ба маснади раисиҷумҳурии Туркманистонро ба вай табрик гуфт.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти мунтахаби Туркманистон номаи табрикӣ фиристод.

Дар паëми Раҳмон ба ҳамтои туркманаш аз ҷумла омадааст, ки натиҷаҳои интихобот нуфузу эътибори баланди сиёсии Сардор Бердимуҳаммадов, ҳамчунин ҷонибдории ҷомеаро аз сиёсате, ки дар Туркманистон ба манзури рушди ҳамаҷонибаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи байналмилалии он татбиқ мегардад, пурра таъйид намудаанд.


Раҳмон фаъолияти ташкилотҳои қарзии вилояти Хатлонро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед