Ru  | Tj
Корхонаи нави коркарди ангур. “Тоҷвайн”-и Муъминобод 5 хел шарбат истеҳсол мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Корхонаи нави коркарди ангур. “Тоҷвайн”-и Муъминобод 5 хел шарбат истеҳсол мекунад
Акс: ASIA-Plus

Корхонаи нави коркарди ангур. “Тоҷвайн”-и Муъминобод 5 хел шарбат истеҳсол мекунад

Нашр шуд

Дар корхонаи “Тоҷвайн”, ки дар Муъминобод ифтитоҳ ёфт, дар як соат беш аз 10 тонна ангур коркард мешавад.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар ҷараёни сафари корияш ба Муъминобод дар деҳаи Шаҳринави ин ноҳия як корхонаи шарбатбарориро бо иқтидори коркарди 10 тонна ангур дар як соат ба истифода дод.

“Тоҷвайн” ҳамчун корхонаи муштарак муаррифӣ мешавад ва он дар масоҳати 3,5 гектар бунёд ёфтаву бо технологияи муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Манбаъ меафзояд, ки таҷҳизоти тавлидии ин корхона аз Италия дастрас гардида, маҳсулоти он дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалист.

Гуфта мешавад, ки дар корхонаи муштараки шарбатбарории “Тоҷвайн” аз ангури шаҳдбори Тоҷикистон 5 номгӯй шарбат истеҳсол мешавад.

Сафари кории Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии кишвар аз ду ҳафта пеш оғоз шудаву Эмомалӣ Раҳмон қаблан аз навоҳии водии Рашт ва ВМКБ дидан карда буд.

Дар ноҳияи Муъминобод Президент ҳамҷунин майдони Парчами давлатӣ, бинои Осорхона, комплекси агросаноатии “Заркорон” ва чанд иншооти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон аз Муъминобод ба шаҳри Кӯлоб рафт ва сафарашро аз зиёрати Оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ оғоз намуд.

Завқизода: Дар шаш моҳ дар кишвар 78 корхонаи нави саноатӣ ба кор даромад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед