Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон гуфт бояд мардум ба воҳима наафтанд, чун мушкилоти имрӯза муваққатӣ ҳастанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон гуфт бояд мардум ба воҳима наафтанд, чун мушкилоти имрӯза муваққатӣ ҳастанд
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон гуфт бояд мардум ба воҳима наафтанд, чун мушкилоти имрӯза муваққатӣ ҳастанд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки соли ҷорӣ вобаста ба таҳримҳои иқтисодӣ ва дигар низоъҳое, ки рӯз ба рӯз шиддат мегиранд, вазъи таъминот бо маводи ғизоӣ дар бисёре аз манотиқи олам мушкил гардидааст ва таъсири ин ҳол ба Тоҷикистон ҳам мерасад.  

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо ироаи як паёми шодбош мардуми тоҷик ва кулли тоҷикзабонони дунёро ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфт ва дар зимн ба мушкилоти имрӯзи ҷаҳон низ ишораҳо кард.  

Президенти кишвар аз ҷумла зикр намуд, ки ду соли гузашта, яъне давраи паҳншавии бемории КОВИД – 19 нишон дод, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи кишварҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хеш ҳастанд ва дар чунин шароит мардуми тоҷик ҳаргиз набояд ба умеди дигарон бошанд. 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба масъалаи камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва маводи доруворӣ ишора карда, таъкид дошт, ки “мо бояд бо сабру таҳаммул бошем, ба воҳимаву таҳлука наафтем ва бовар дошта бошем, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ ва гузарандаанд”.

Сарвари давлат дар чунин шароит роҳи асосии пешгирӣ аз болоравии нархҳоро истифодаи босамар аз  ҳар як ваҷаб замин ва бо маҳсулоти худӣ таъмин намудани бозори дохилӣ донист ва аз деҳқонон даъват ба амал овард, ки аз ҳар рӯзи муосиди баҳорӣ босамар истифода намоянд.  

Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, дар даврае, ки башарият вазнинтарин солҳои таърихи худро аз сар мегузаронад, мардум боз ҳам бештар сарфакор бошанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ Сарвари давлат бо ироаи паёми шодбош мардуми Тоҷикистон ва кулли тоҷикзабонони дунёро ба ин ҷашн  табрик мегӯяд.

Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон солҳост, ки дар суханрониҳояш мардумро ба сарфаю сариштакорӣ даъват менамояд ва ба такрор таъкид намудааст, ки ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи ғизоӣ дошта бошад.

Пас аз таҳримҳое, ки кишварҳои ғарбӣ ба Русия ва Белорус таҳмил карданд, нархи маводи ғизоии ниёзи аввал дар ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистону дигар кишварҳои минтақа ба таври чашмрас боло рафтааст. 



Макрон аз фаъолгардии мубодилаҳои сиëсиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон хушнудӣ кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед