Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД-ро ба ҳузур пазируфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД-ро ба ҳузур пазируфт
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД-ро ба ҳузур пазируфт

Нашр шуд

29 –уми апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба ҳузур пазируфт.

Ба маълумоти хадамоти матбуотии сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир ва таъсири онҳо ба амнияти давлатҳои аъзои СААД, афзоиши ташаннуҷи байналмилалӣ вобаста ба рақобати геополитикӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи амну суботи кишварҳо ишора карда, ҳамчунин вазъияти имрӯзаи кишвари Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба мубориза бар зидди дигар хатарҳо, аз ҷумла хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, бӯҳрони шадиди ҷаҳонии иҷтимоию иқтисодӣ ва молиявӣ, таъсири онҳо ба амният ва иқтисодиёти кишварҳо, бехатарии биологӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардид.

Дар охир Президент Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД комёбӣ орзу карда, изҳор намуд, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш барои расидан ба ҳадафҳои дар пеш гузошта, пурсамар хоҳад буд.

Нишасти видеоии Шурои Амнияти СААД

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед