Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба ҷашни Истиқлол табрик гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба ҷашни Истиқлол табрик гуфт
Акс: ASIA-Plus

Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба ҷашни Истиқлол табрик гуфт

Нашр шуд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ироаи як паëм мардуми кишварро ба 31-мин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфт.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, паëми Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз мунташир гашт ва дар он Роҳбари кишвар сокинони мамлакатро ба ҷашни Истиқлол табрик намуда, ба онҳо хушбахтиву рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллии ҷовидонаву пешрафтро таманно кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар паëми хеш аз дастовардҳои ин даврон ёдовар шуда гуфтааст, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва равандҳои гуногуни байналмилалӣ, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардидааст.

Сарвари давлат бо ишора ба дастовардҳои даврони истиқлол гуфтааст, ки  дар зарфи беш аз се даҳсола ба дастовардҳое ноил гардидааст, ки рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлол ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Аммо Президент аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон, аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллати тоҷик, таъмин намудани сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро муҳимтарин дастовардҳои Тоҷикистон дар ин давра унвон кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо  ишора ба вазъияти печидаву ноороми ҷаҳони муосир таъкид доштааст, ки дар ин гуна вазъияти ҳассос сокинони Тоҷикистон бояд  минбаъд низ муттаҳиду сарҷамъ бошанд ва ҳифзи боэътимоди дастовардҳои то имрӯз бадастомадаро таъмин намоянд.

Сарвари давлат афзудааст, ки дар баробари дастовардҳои бузургу тақдирсоз  ҳанӯз масъалаву мушкилоти ҳалталаб низ ҳастанд, ки ҳамаи онҳоро бояд бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва заҳмати созандаву содиқона ва бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани озод ва давлати соҳибистиқлоламон ҳаллу фасл намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба мардуми кишвар паëми табрикӣ ироа менамояд. 9-уми сентябр Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон аст.


Табрикоти Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед