Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон натоиҷи мулоқоташ бо Содир Ҷабборовро неку назаррас хонд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон натоиҷи мулоқоташ бо Содир Ҷабборовро неку назаррас хонд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон натоиҷи мулоқоташ бо Содир Ҷабборовро неку назаррас хонд

Нашр шуд

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, маросими истиқболи расмии Президенти Қирғизистон дар майдони Қасри миллат баргузор гардида, пас аз он баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти хосаи президентҳо оғоз ва дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Манбаъ таъкид мекунад, ки ҷонибҳо барои роҳ надодан ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистанд. Ҳамчунни Дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон пешниҳод гардид, ки масъалаи мазкур бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар ва ҳалли масоили бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ ҳал карда шавад.

Инчунин зимни музокирот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ гардида, инчунин перомуни рӯзномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

“Бешак, дар маркази гуфтушунидҳои имрӯза масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ қарор дошт. Мо инчунин масъалаи дар давраи оянда имзои Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро, ки қаблан дар маҷмӯъ мувофиқа шуда буд, муҳокима кардем. Тибқи лоиҳаи Санад, тақрибан панҷсаду бист километр хати сарҳади давлатӣ тасвир шудааст. То имрӯз 32 километри дигар бо тартиби корӣ мувофиқа карда шудааст”. – таъкид намуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотии худ пас аз мулоқот бо Содир Ҷабборов.

Сарвари давлат ҳамчунин афзуд, ки “Бо таассуфи бузург, одамон аз ҳарду ҷониб ҷони худро аз даст доданд ва осеб диданд, ба аҳолӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расид, ба таҷрибаи ҳамсоягии неки байни халқҳои мо зарари ҷиддӣ расонида шуд”.

Лозим ба зикр аст, ки пас аз анҷоми вохӯрӣ миёни ду кишвар 4 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид ва Эмомалӣ Раҳмону Содир Ҷабборов барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд. 

Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед