Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро дар фурудгоҳ истиқбол намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро дар фурудгоҳ истиқбол намуд
Акс: Интернет

Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро дар фурудгоҳ истиқбол намуд

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамтои ӯзбеки худро, ки бо як сафари расмӣ вориди пойтахти кишварамон шуд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифт.

Дафтари матбуоти Президент хабар дод, ки 10-уми июн Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ вориди кишварамон шуд, гарму самимӣ истиқбол гирифт.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуда, шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо Мирзиёевро пазироӣ намуданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони воломақом дар Қасри миллат баргузор гардида, дар назар аст, ки Шавкат Мирзиёев ба пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба рамзи эҳтиром гулчанбар гузорад.

Шавкат Мирзиёев бо як сафари дурӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон шудааст ва гуфта мешавад, ки пас аз мулоқоту музокироти расмӣ ва ширкат дар барномаи консертии “Шоми дӯстӣ” фардо ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд меравад, то бо имконоти иқтисодии ин минтақа ошно шавад.



Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода мешавад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед