Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи худро бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарад

Нашр шуд

Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабинии санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ бо иштироки 230 ҳазор нафар таҳти унвони "Марз-2021" баргузор гардид.

Пахши мустақими чорабинии мазкур тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон намоиш дода шуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардид.

Зимни суханронӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: "Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ба корҳои дохилии кишвари ҳамсояҳои худ дахолат нахоҳад кард. Мо қувваҳои мусаллаҳи худро бар зидди кишварҳои ҳамсоя истифода намебарем. Мо ҳамеша ҷонибдори он ҳастем, ки дар кишварҳои ҳамҷаворамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад ва мо бо онҳо дар фазои оромиву субот ва дӯстиву ҳамкорӣ зиндагӣ кунем. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсояи наздиктарини мо, кишвари дӯст, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони мо мебошад, бинобар ин, мо ба сарнавишти мардуми он бетафовут нестем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ман даҳҳо маротиба аз минбари бонуфузтарин созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ масъалаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро ба миён гузоштам".

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин шарҳ дод, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва мушкилоти он бояд бо роҳи мусолиматомез ва осоишта ҳаллу фасл карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки вазъи кишвари ҳамсоя - Афғонистон бо хориҷ шудани қувваҳои низомии Амрико аз ин кишвар якбора мураккаб гардидааст. Бахусус вазъ дар минтақаҳои шимолии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, нигаронкунанда боқӣ мондааст.



Сафир: Пойгоҳи низомии 201-и Русия омода аст, то ҳама гуна ҳамлаи террористон ба Тоҷикистонро рафъ кунад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед