Ru  | Tj
Сафир: Пойгоҳи низомии 201-и Русия омода аст, то ҳама гуна ҳамлаи террористон ба Тоҷикистонро рафъ кунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафир: Пойгоҳи низомии 201-и Русия омода аст, то ҳама гуна ҳамлаи террористон ба Тоҷикистонро рафъ кунад
Акс: ASIA-Plus

Сафир: Пойгоҳи низомии 201-и Русия омода аст, то ҳама гуна ҳамлаи террористон ба Тоҷикистонро рафъ кунад

Нашр шуд

Сафири Русия пойгоҳи низомии 201-и кишвараш дар Тоҷикистонро кафили амният ва субот дар марзҳои ҷанубии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ унвон кард.

Игор Лякин-Фролов, Сафири Русия дар Душанбе, зимни як мусоҳиба бо рӯзномаи "Коммерсант” гуфт, ки пойгоҳи низомии 201 омода аст, то дар сурати зарурат ҳамлаҳои террористони афғон ба Тоҷикистонро рафъ намояд.

Сафир афзуд, ки кишвараш ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳад миёни Тоҷикистону Афғонистон талоши фаъол дорад ва дар ояндаи наздик дар Шӯробод аз ҷониби Русия як дидбонгоҳи сарҳадӣ бунёд меёбад.

Ба гуфтаи Лякин-Флоров, Маскав ҳамчунин барномаи навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро амалӣ менамояд ва кишварро бо аслиҳаву техникаи муосири ҳарбӣ таъмин месозад.

Қаблан Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷаи Русия ҳам дар як сафари худ дар Душанбе дар моҳи май гуфта буд, ки Тоҷикистон ва Русия оид ба бунёди як дидбонгоҳи муосир дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон дар замони наздик тавофуқнома ба имзо хоҳанд расонид.

Ҳамчунин дар оғози моҳи июл Владимир Путин, Президенти Русия дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буд, ки Русия омода аст барои таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ ба Тоҷикистон, чи дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва чӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, кӯмакҳои зарурӣ расонад.

Тамринҳои пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон: Барои дафъи ҳамлаи душман дар шароити гуногун


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед