Ru  | Tj
Фаҳими Даштӣ ба шаҳодат расид. “Ҳатман аз ин бедодиҳо ба Худованд шикоят мекунад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фаҳими Даштӣ ба шаҳодат расид. “Ҳатман аз ин бедодиҳо ба Худованд шикоят мекунад”

Фаҳими Даштӣ ба шаҳодат расид. “Ҳатман аз ин бедодиҳо ба Худованд шикоят мекунад”

Нашр шуд

Ба шаҳодат расидани Фаҳими Даштӣ, раҳбари дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бахши тоҷикии Фейсбуку дигар шабакаҳои иҷтимоиро пур аз сӯгворӣ кард.

Ба гузориши Sputnik, Фаҳими Даштӣ ва Абдулвадуди Зарра, писари хоҳарбузурги Аҳмадшоҳи Масъуд ва яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат дирӯз 5-уми август замоне ба шаҳодат расиданд, ки пас аз намози аср аз манзили Даштӣ берун мешуданд.

Манбаъ гуфтааст, ки “ҳарду савори як мошини сурх равон буданд, ки тири ҳовон ба мошин расид ва онҳоро шаҳид сохт”.

Фаҳими Даштӣ ягона нафари муътамаде буд, ки дар ин авохир ахбори тоза аз Панҷшер ва Ҷабҳаи муқовиматро расонаӣ мекард.

Sputnik бо такя ба манобеи худ гуфтааст, ки эҳтимол дорад, ки дар ҳодисаи шаҳодаи Фаҳими Даштӣ ва Абдулвадуди Зарра Покистон низ даст дорад.

Як ҳамсуҳбати ин манбаъ гуфтааст, ки “Ҳамин ҳоло гузоришҳое ҳастанд, ки хатҳои ҷабҳаро дар Панҷшер тайёраҳои бесарнишини артиши Покистон бамборон доранд”.

Даргузашти Фаҳими Даштӣ бахши тоҷикии Фейсбукро пур аз сӯгнома кард. Корбарони тоҷик бо изҳори таассуф аз ӯ чун марди далеру шуҷоъ ва шаҳиди роҳи ҳақ ёд оварда, аъмоли гурӯҳи Толибон* (созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) – ро ғайриинсонӣ хондаанд.

Абдулазизи Восеъ, як хабарнигори тоҷик дар Фейсбук навишт, ки “Фаҳими Даштӣ ба шаҳодат расид. Ҳатман аз ин бедодиҳову ноинсонҳо ба Худованд шикоят мекунад”.

Ҳамчунин Эҳсони Аъзамиён, таронасарои маъруфи тоҷик бо таассуф гуфта, ки “шояд шаҳид Фаҳим Даштӣ дар охирин нафас нигоҳе ба ин сӯи Ому (манзур Тоҷикистон - Halva) кард.

Чанд ҳафта аст, ки Толибон* ҳамаи қаламрави Афғонистонро ба ҷуз вилояти Панҷшер, зодгоҳи Қаҳрамони миллии ин кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд ба тасарруфи худ даровардаанд.

Чанд рӯзи пеш Толибон* хабар дода буданд, ки гуфтушунид бо Ҷабҳаи муқовимат самаре надода ва онҳо ба Панҷшер ҳамла кардаанд.

Аммо гузоришҳо ҳокӣ аз онанд, ки Ҷабҳаи муқовимат ба ин ҳамлаҳо истодагарӣ кардаву зарбаҳои муҳлике ба Толибон* ворид кардааст.

Ин гурӯҳи тундгаро эълом доштаанд, ки дар Афғонистон давлати исломие бо сохти мушобеҳ ба давлатдории Эрон месозанд ва ҳафтаи оянда ҳайати ҳукуматашонро эълон менамоянд.

Латифи Пидром дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ва паёмадҳои он мегӯяд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед