Ru  | Tj
Фарзанди танҳомондаи Сайёра Дусаева ба ватан бозгардонида шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фарзанди танҳомондаи Сайёра Дусаева ба ватан бозгардонида шуд
Акс: Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Фарзанди танҳомондаи Сайёра Дусаева ба ватан бозгардонида шуд

Нашр шуд

Писари 8-солаи шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаева, ки бо иттиҳоми куштор дар боздошт аст, аз Русия ба ватан бозгардонида шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки рӯзи 24-уми январ ноболиғ Абубакр Дусаеви 8-сола, фарзанди шаҳрванд Сайёра Дусаева, бинобар бесарпаноҳ мондан бо мусоидати Хадамоти консулии Сафорат ба Ватан баргардонида шуд.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои Абубаер Дусаев омода гардида, барои фиристодани ӯ ба назди хешу табори наздикаш ба Ватан мусоидат шуд. Дар ин замина таъкид мешавад, ки қазияи модари ноболиғ Сайёра Дусаева таҳти пайгирии сафорати Тоҷикистон дар Русия қарор дорад.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 4-уми январ дар пайи як муноқиша дар тарабхонаи «Хинкалная Тбилисо», воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав, Сайёра Дусаева, муҳоҷирбонуи тоҷик зимни дифоъ аз худ ошпази гурҷиро бо истифода аз корд ба ҳалокат расонд.

Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар тавзеҳи ин қазия гуфт, ки дар ин муноқиша марди ошпаз муҳҷири тоҷикро бераҳмона латукӯб карда, шаъну шарафашро паст задааст. Баъди ин ҳодиса рӯзи 10-уми январ Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо ирсоли номае унвонии ҳамтои руси худ солор (генерал) В.А. Колоколтсев хоҳиш намуд, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур мусоидат намояд.

Инчунин Додситонии кулли Тоҷикистон низ бо ирсоли номае ба Додситонии кулли Русия ҷиҳати таъмини назорати тафтиши холисона ва ҳаматарафаи қазияи мазкур дархост ирсол кард.

Айни замон Сайёра Дусаева, шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон бо иттиҳоми куштор аз сӯйи мақомоти интизомии Русия боздошт шуда, тафтиши қазияи мазкур идома дорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед