Ru  | Tj
Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард
Акс: Хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард

Нашр шуд

Дар пойтахти кишвар ба сохтмони филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе асос гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти Президент хабар дод, ки имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба бунëди сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд.

Гуфта мешавад, барои ифтитоҳи филиали донишгоҳи мазкур байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи рушди идоракунии Сингапур ҳанӯз ду сол қабл Ёддошти тафоҳуми ҳамкории академӣ ба имзо расида буд.

Манбаъ меафзояд, ба ин донишкада хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миëнаи умумии 11 сола пас аз як соли таҳсил дар курсҳои омодагӣ қабул карда мешаванд ва​ дар зинаи бакалавриатура 4 солу дар зинаи магистратура 2 сол илм меомӯзанд. Филиали Донишкада имкон дорад 2500 донишҷӯйро барои идомаи таҳсил қабул намояд.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки таҳсил дар Донишкада аз рӯи самтҳои “менеҷменти саноатӣ”, “сайёҳии байналмилалӣ ва меҳмондорӣ”, “амнияти иттилоотӣ ва кибернетикӣ” бо фарогирии омӯзиши ҳатмии забони тоҷикӣ, таърихи Тоҷикистон ва дигар ҷузъиётҳои миллӣ роҳандозӣ мегардад.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат ҳамчунин хабар додааст, ки​ дар баробари оғози корҳои сохтмонӣ аз моҳи сентябри соли 2022 фаъолияти омӯзишии Донишкада шуруъ мешавад ва имрӯз маросими расмии оғози фаъолияти ин муассиса дар Душанбе бо ҳузури Рустами Эмомалӣ ва Президенти Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур доктор Эрик Куан баргузор гаштааст.

Раиси​ шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар суханронии худ дар маросими оғози фаъолияти Донишкадаи менеҷменти Сингапур ин рӯйдоди муҳимро дар оғози соли нави хониш дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф ҷиҳати табодули таҷрибаи илмию амалӣ муҳим арзёбӣ кард.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон гуфта ин тадбир имкон медиҳад, ки низоми таҳсил дар кишвар ҳарчи бештар ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шавад.

Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе аввалин намояндагии донишгоҳҳои кишварҳои пешрафтаи Осиёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон аст.

Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур соли 1956 таъсис ёфта, ҳамчун муассисаи ғайритиҷоратии таълимии пешсаф маълум аст ва Тоҷикистон сеюмин кишварест, ки филиали донишкадаи мазкур ифтитоҳ мешавад.


Нахустин донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон дар Суғду Хатлон филиалҳои худро таъсис дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед