Ru  | Tj
Фонди Иқлими сабз Тоҷикистонро яке аз шарикони муҳимми худ дар ҷаҳон унвон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фонди Иқлими сабз Тоҷикистонро яке аз шарикони муҳимми худ дар ҷаҳон унвон кард
Акс: Интернет

Фонди Иқлими сабз Тоҷикистонро яке аз шарикони муҳимми худ дар ҷаҳон унвон кард

Нашр шуд

Баҳодур Шерализода ва Каролина Фуэнтес дар Найробӣ масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Фонди Иқлими сабзро баррасӣ карданд. 

Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, роҳабри ин кумита Баҳодур Шерализода рӯзи 2-уми март дар Найробӣ бо  директори Департаменти барномаҳои Фонди Иқлими сабз хонум Каролина Фуэнтес мулоқот анҷом дод. 

Гуфта мешавад, дар ин дидор тарафҳо раванди иҷрои лоиҳаҳои Фонди Иқлими сабз дар Тоҷикистон, самтҳои асосии ҳамкорӣ ва дурнамои густариши муносиботи Душанбе бо ин фондро мавриди баррасӣ қарор додаанд. 

Фуэнтес аз фаъолият ва дастгирии Фонди Иқлими сабз дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон аз шарикони фаъоли ин фонд дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад.

Манбаъ меафзояд, Шерализода аз хонум Фуэнтес даъват намуд, ки имсол аз Душанбе боздид намояд. 

Бояд гуфт, ки ин мулоқот дар ҳошияи иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

Иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти СММ бахшида ба 50-солагии таъсиси он дар қароргоҳи Барномаи муҳити зисти СММ дар шаҳри Найробӣ, пойтахти Кения зери унвони «Тақвияти фаъолияти экологӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор  28-уми феврал оғоз ёфта буд ва имрӯз ба поён мерасад. 

Дар ин нишаст вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва сарони бархе аз  давлатҳо ширкат доранд.

Қаблан Halva.tj иттилоъ дода буд, ки Шерализода зимни суханронӣ дар ин иҷлосия бо ишора ба талошҳои пайвастаи Тоҷикистон барои ҳифзи муҳити зист гуфта буд, ки дар панҷ соли гузашта дар кишвар беш аз нӯҳ миллион бех дарахт шинонда шудааст.   


Сафири Белорус ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рафту бо донишҷӯён суҳбат кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед