Ru  | Tj
Фотима Муқимӣ: Бозори Тоҷикистон имконияти идеалии Эрон барои рушди тиҷорат бо Аврупост

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фотима Муқимӣ: Бозори Тоҷикистон имконияти идеалии Эрон барои рушди тиҷорат бо Аврупост
Акс: Limu.tj

Фотима Муқимӣ: Бозори Тоҷикистон имконияти идеалии Эрон барои рушди тиҷорат бо Аврупост

Нашр шуд

Сайида Фотима Муқимӣ, узви ҳайати Раёсати утоқи бозаргонӣ, саноеъ маодин ва кишоварзии Теҳрон гуфт, ки дастрасии Эрон ба Аврупо аз тариқи Тоҷикистон имконияти идеалие барои рушди иқтисод ва тиҷорати Эрон фароҳам меорад.

Ба иттилои хабаргузории расмии Эрон – ИРНО, Фотима Муқимӣ дар Бизнес-форуми маҷозии ду кишвар бо зикри он ки Тоҷикистон метавонад шарики бузурги иқтисодии Эрон дар Осиёи Марказӣ бошад, гуфт:

“Тоҷикистон метавонад аз тариқи бандари ҷанубии Эрон ба обҳои озод дастрасӣ дошта бошад ва ин дар ҳолест, ки масири дастрасии Эрон ба Аврупо аз тариқи Тоҷикистон низ имконияти идеалие барои рушди иқтисод ва тиҷорати Эрон фароҳам мекунад”.

Ин бизнес-форуми маҷозӣ рӯзи 27 –уми июл бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Утоқи бозаргонӣ, саноат, маодин ва кишоварзии Эрон баргузор гардид.

Дар Бизнес-форуми мазкур аз ҳарду ҷониб беш аз 200 нафар, аз ҷумла соҳибкорон, роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳо, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, биржаҳо, инчунин намояндагони бахши хусусии ду кишвар, ширкат варзиданд

Тибқи иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон, сафири кишварамон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дар суханронии худ дар ин бизнес-форум диққати ҳозиринро ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон ва дастгирии соҳибкорон ҷалб намуда, ҳамчунин нақши палатаҳои савдо ва саноати кишварҳоро дар рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Душанбеву Теҳрон, аз ҷумла дастгирӣ ва барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ қайд кард.

Сафири Тоҷикистон қайд кард, ки имконоти мавҷуда ҷиҳати афзоиши табодули мол миёни ду кишвар пурра истифода намешавад.

Ин дар ҳолест, ки муносиботи Тоҷикистону Эрон давоми чанд соли охир рӯ ба сардӣ овардааст. Солҳои қабл Эрону Тоҷикистон дар бахши сармоягузорӣ чанд лоиҳаи муваффақеро амалӣ намуда буданд, ки аз ин шумор метавон бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ва нақби “Истиқлол”-ро ном бурд.

Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон 2021-2025 муаррифи шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед