Ru  | Tj
Гаронтарин рақами мобилӣ дар Узбекистон наздики 85 ҳазор долар ба фурӯш рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гаронтарин рақами мобилӣ дар Узбекистон наздики 85 ҳазор долар ба фурӯш рафт
Акс: gazeta.tj

Гаронтарин рақами мобилӣ дар Узбекистон наздики 85 ҳазор долар ба фурӯш рафт

Нашр шуд

Дар Узбекистон рақами мобилии “20 000 00 00” дар музояда ба маблағи рекордии 1,07 милярд сӯм (85 ҳазор долар) фурӯхта шуд. Дар музояда 10 довталаб иштирок карда, 87 пешниҳод доданд, ки дар натиҷа нархи рақамҳои телефон аз нархи ибтидоии он 5 маротиба бештар шуд.
 
Дар Биржаи мол ва ашёи хоми Узбекистон рекорди фурӯши як рақами телефони ҳамроҳ сабт шуд. Дар ин бора вебгоҳи gazeta.uz иттилоъ медиҳад.
 
Тибқи иттилоъи биржаи мазкур, рӯзи 20-уми март рақами «20 000 00 00» бо нархи ибтидоии 200 милён сӯм барои шахси воқеъӣ ба музояда гузошта шуд.
 
Ба иттилоъи ин биржа, ин маблағи рекордӣ барои рақами мобилӣ аз замони ба кор андохтани пойгоҳи бархат (онлайнӣ)-и савдои рақамҳои телефон дониста мешавад. Харидор маблағи муомилотро дар давоми панҷ рӯз пардохт кард, акнун ӯ бояд дар давоми 10 рӯзи корӣ рақамро дар ширкати мобилӣ сабтином кунад.
 
Музоядаи бархати рақамҳои мобилӣ (mobilraqam.uzex.uz) дар Узбекистон соли 2019 барои васеъ кардани дастрасӣ ба рақамҳои мобилии "зебо" роҳандозӣ шуд.
 
Бояд гуфт, ки моҳи октябри соли 2023 дар Узбекистон рақами давлатӣ барои мошин 01 777 RRR дар музояда ба маблағи 894 миллион сӯм (75 ҳазор долар) фурӯхта шуда, рақами гаронарзиштарин барои шахсони ҳуқуқӣ дар Узбекистон гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед