Ru  | Tj
Гулмаҳмадзода: Тоҷикистон барои расондани кӯмак ба Афғонистон ҳамчун долон хизмат мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гулмаҳмадзода: Тоҷикистон барои расондани кӯмак ба Афғонистон ҳамчун долон хизмат мекунад
Акс: Fergana News

Гулмаҳмадзода: Тоҷикистон барои расондани кӯмак ба Афғонистон ҳамчун долон хизмат мекунад

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба масъалаҳои Афғонистон Томас Никлассон мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, 9-уми ноябр намояндаи Тоҷикистон ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо ҳангоми вохӯрӣ дар бораи вазъи кунунии Афғонистон ва таҳдиди эҳтимолӣ ба амнияти минтақа табодули назар намуданд.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати  мусоидат намудан ба ҳалли зудтари бӯҳрони дохилии Афғонистон баррасӣ намуданд.

Таъкид мегардад, ки Гулмаҳмадзода ва Никлассон масъалаи зарурати мусоидат кардан ба барқарорсозии иқтисодии Афғонистон ва роҳҳои минбаъдаи расонидани кӯмаки башардӯстона ба мардуми ин кишварро ба миён гузоштанд.

Дар рафти сӯҳбат Гулмаҳмадзода бо зикри имконоти логистикию нақлиётии ҷумҳурӣ, изҳор дошт, кишвари мо омода аст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар расонидани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии Афғонистон тавассути қаламрави Тоҷикистон мусоидат намояд.

СММ қайд мекунад, ки имрӯз танҳо 5 дарсади оилаҳои афғон бо ғизои мувофиқ таъмин ҳастанд. Қисми зиёди кӯдакони то панҷсола гуруснагӣ мекашанд.



Намояндаи Русия гуфт, ки дар Афғонистон 20 сохтори террористӣ фаъолият дорад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед