Ru  | Tj
Иди Рамазон дар Тоҷикистон 10 апрел ҷашн гирифта мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Иди Рамазон дар Тоҷикистон 10 апрел ҷашн гирифта мешавад
Акс: Shutterstock

Иди Рамазон дар Тоҷикистон 10 апрел ҷашн гирифта мешавад

Нашр шуд

Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо баргузории ҷаласае рӯзи иди Рамазонро дар ин кишвар эълон кард.

Рӯзи 4-уми апрел ҷаласаи навбатии Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани Иди Рамазон баргузор гардид. Дар ин бора Кумитаи дини Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилоъи ин ниҳод, ҷаласаро Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ифтитоҳ карда, гуфт, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ ва дар асоси хулосаи Пажуҳишгоҳи ахтарфизики Фарҳангистони миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Рамазон дар ин кишвар ба рӯзи 10-уми апрел рост меояд. Ҳамин тавр рӯзи 10-уми апрел дар Тоҷикистон рӯзи истироҳатӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин, тибқи қарори Шурои уламо, намози ид дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 06:30 муайян карда шудааст.

Дар асоси қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки таваҷҷуҳи мардумро барои расонидани кумаки моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, ҳамчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ҷалб карда, қабл аз ҳама худ дар ин самт намунаи ибрати дигарон бошанд.

Тибқи қарори Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ҳисоби шаръии нисоби закот дар соли равон барои мусалмонони ин кишвар 35 ҳазору 275 сомонӣ муқаррар шуд, ки аз он 880 сомонӣ закот дода мешавад.

Дар баробари ин садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд, ба ҳисоби мавиз 54 сомонӣ муайян шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед