Ru  | Tj
ИМА: “Толибон бояд дар саркӯбии ДИИШ ҷиддӣ амал кунанд”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

ИМА: “Толибон бояд дар саркӯбии ДИИШ ҷиддӣ амал кунанд”
Акс: Fergana.agency

ИМА: “Толибон бояд дар саркӯбии ДИИШ ҷиддӣ амал кунанд”

Нашр шуд

Томас Вест, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон гуфт, Иёлоти Муттаҳида то ҳол тасмиме дар бораи эътирофи Толибон* (Толибон* - Ҳаракати террористӣ) нагирифтааст.

Ҷаноби Вест афзуд, ки Амрико хостори таъсиси ҳукумати фарогир ва иҷрои тааҳҳудоти байналмилалии худ дар Афғонистон аст.

Намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон ба хабаргузории “TOLOnews” гуфт: "Мо то ҳол тасмиме дар бораи эътироф нагирифтаем. Ман фикр мекунам, ки бисёр кишварҳо низ чунин тасмиме надоранд. Мо бесаброна интизорем, ки дар муносибат бо афғонҳо иқдомоти масъулиятнок андешида шавад, сарнавишти занони боздоштшуда, бахусус занони эътирозгар, барҳам додани монополия ва хушунат бояд баррасӣ шавад."

Ҷаноби Вест таъкид кардааст, ки Амрико аз густариши эҳтимолии ДИИШ* (Ҳаракати террористӣ) ва Ал-Қоида* (Ҳаракати террористӣ) дар Афғонистон нигарон мебошад.

"Давлати исломӣ душмани муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Толибон аст ва Амрико аз Толибон даъват мекунад, ки дар нобуд кардани ин гурӯҳ муваффақ шаванд." – гуфтааст намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносон ДИИШ- ро ба Амрико нисбат медиҳанд ва мегӯянд, ки овардани Толибон ҳам ба сари қудрат танҳо ба ҳадафи ДИИШ-ро дар Осиёи Марказӣ мустақар кардан асту бар зидди иқдомҳои иқтисодӣ ва сиёсии Чин ва Русия мубориза бардан.

Қобили ёдоварист, ки Толибон ва гурӯҳи ДИИШ ҳамвора бар зидди якдигар ҷангидаанд ва Толибон акнун ба ҳамлаҳои ин гурӯҳ рӯбарӯ ҳастанд.


ИМА: “Мо аз мухолифати мусаллаҳона бар зидди Толибон пуштибонӣ намекунем”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед