Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз дастаи футболи «Истиқлол» бо дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» дар бозии даври панҷум рақобат мекунад
Нашр шуд
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бар муқобили дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» аз АМА вориди майдон мешавад. Сабқати дастаҳо соати 23:55 ба вақти Душанбе оғоз мегардад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» дастаи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карда буд. Дастаи мазкур пас аз ин пирӯзӣ бо 7 хол ба садри ҷадвали гурӯҳи «А» баромад. Дастаи футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ, ки ҳафт хол дорад, дар ҷои дуюм аст. Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» бар дастаи АГМК-и Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед