Ru  | Tj
Рақобати дигари «Истиқлол» бо дастаи «Ал-Ҳилол»

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рақобати дигари «Истиқлол» бо дастаи «Ал-Ҳилол»
Акс: ФФТ

Рақобати дигари «Истиқлол» бо дастаи «Ал-Ҳилол»

Нашр шуд

25 –уми апрел дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе сабқати навбатиашро боз ба муқобили дастаи  футболи «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ доир мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Қаблан 21-22 апрел дастаҳо дар варзишгоҳи «МРСООЛ Парк»- и шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ сабқат намуда буданд, ки натиҷа бозӣ бо ҳисоби  3:1 бар суди мизбонон ба анҷом расид.

Бояд гуфт, ки дастаи  футболи  «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо ду пирӯзӣ ва як мусовӣ дар ҷадвали гурӯҳи А бо касби 7 имтиёз садрнишин мебошад. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бошад бо як мусовӣ, як пирӯзӣ ва як бохт бо доштани 4 имтиёз дар зинаи 2- юми ҷадвал ҷой гирифт.


"Истиқлол" дар бозии аввалини Лигаи қаҳрамонони КФО-2021 бо АМА мусовӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед