Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Истиқлол» дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-ро шикаст дод
Нашр шуд
Шаби 27-ум ба 28-уми апрел дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар бозии даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» бо дастаи футболи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба майдон баромада, ин дастаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бояд гуфт, ки бозӣ бисёр тезу тунд ҷараён гирифта, дастаи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай»- ҷониби дарвозаи “Истиқлол” ҳамлаҳои хатарнок менамуд, аммо дарвозабони бомаҳорати дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимов зарбаҳои рақибро мегардонд.
Ҳамин гуна бозингарони тоҷик дар дақиқаи 90+6 гол заданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар даври охир, яъне бозии 6-ум дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 30 апрел бо дастаи АГМК-и Ӯзбекистон рақобат мекунад. Умед дорем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ин дидор низ пирӯз шуда, ба даври 1/8-финалӣ роҳ меёбад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед