Ru  | Tj
Хабарҳои охирини коронавирус дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳои охирини коронавирус дар Тоҷикистон
Акс: mdcs.ru

Хабарҳои охирини коронавирус дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Тоҷикистон ба соли 2021 бо шумораи ками сироятшудагон қадам гузошт. Дар тули 11 рӯзи моҳи январ ҳамагӣ 12 нафар гирифторон аз бемории сироятии навъи Covid-19 ба қайд гирифта шуданд, ки ба ҳисоби миёна 1 нафар дар як рӯз рост меояд. 

То ин дам дар ҷумҳурӣ 13308 нафар аз 30 апрели соли 2020 аз коронавирус заҳролуд шуданд. Шахсони масъул пайи чанд рӯзҳо оиди ошкор нашудани ҳолатҳои нави мубталоӣ хабар медоданд. Дар шабонарӯзи гузашта 3 нафар бо аломатҳои ин беморӣ сабт гардиданд.

Дар ин муддат ҳолати нави марг ба қайд гирифта нашудааст. 90 нафар то имрӯз аз коронавирус ҳалок гардиданд.

Куллан шумораи шифоёфтагон ба 13215 нафар расидааст.

Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед