Ru  | Tj
Хатар наздиктар. Штамми “омикрон” ба Узбекистон ҳам расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хатар наздиктар. Штамми “омикрон” ба Узбекистон ҳам расид
Акс: Sputnik

Хатар наздиктар. Штамми “омикрон” ба Узбекистон ҳам расид

Нашр шуд

Вазорати тандурустии Узбекистон хабар дод, ки дар қаламрави ин кишвар нахустин ҳолати гирифторшавӣ ба штамми нави коронавирус- “омикрон” сабт шуд.

Ба иттилои манбаъ, штамми “омикрон” дар тани як шаҳрванди хориҷӣ ошкор шудааст, ки 7-уми январ тариқи ҳавопаймо аз Дубай ба Тошканд парвоз кардааст.

Гуфта мешавад, ҳоло тамоми онҳое, ки ҳамроҳ бо ин шахси гирифтори омикрон дар ҳавопаймо будаанд, ба қарантина фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин Узбекистон пас аз ошкор гардидани омикрон қавоиди вуруд ба кишварро тағйир дод. Акнун ҳар нафаре, ки хоҳиши сафар ба ин мамлакатро дорад, бояд 48 соат қабл аз вуруд бояд

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон пас аз роҳ ёфтани вируси омикрон қоидаҳои вуруд ба ин кишварро тағйир дод. Акнун ҳар нафаре, ки аз хориҷа вориди Узбекистон мешавад, бояд маълумотномаи тести аксуламали занҷиравии бисёрандоза оид ба коронавирус дошта бошад, ки онро на барвақтар аз 48 соат пеш аз вуруд ба ин кишвар гирифтааст.

Ҳамчунин дар сурати надоштани маълумотномаи ин навъи тест аз нафарони ба ин кишвар сафар карда талаб мешавад, ки дар фурудгоҳҳо, нуқтаҳои гузагоҳи сарҳадӣ ва истгоҳҳои роҳи оҳан экспресс-тест супоранд.

«Омикрон» аввалин маротиба дар Африқои Ҷанубӣ моҳи ноябри соли гузашта ошкор шуда буд, ки баъдан ба Амрикову Аврупо ва Русияву Ҳиндустон ҳам расид. Бисёре аз кишварҳо дар пайи окшор гардидани ин навъи нави коронавирус дубора ба ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо иқдом карданд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт қаблан борҳо “омикрон”-ро нигаронкунанда номида буд.

Ин дар ҳолест, ки бар пояи омори расмӣ, қарби ду моҳ мешавад, ки дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, аз оғози ҳамагирӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 17095 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 16966 нафар шифо ёфтаву ва 124 нафар ҷон бохтааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед