Ru  | Tj
Хоҳиши дар Русия таҳсил кардан доред? Намоишгоҳи "Таҳсил дар Русия. Тоҷикистон-2021”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хоҳиши дар Русия таҳсил кардан доред? Намоишгоҳи "Таҳсил дар Русия. Тоҷикистон-2021”
Акс: РЦНК дар Душанбе

Хоҳиши дар Русия таҳсил кардан доред? Намоишгоҳи "Таҳсил дар Русия. Тоҷикистон-2021”

Нашр шуд

Дар ин намоишгоҳ-ярмаркаи таҳсил намояндагони 26 муассисаи таълимӣ шароити қабулу таҳсилро муаррифӣ мекунанд.

Аз 18 то 22-уми май дар Тоҷикистон Намоишгоҳ-ярмаркаи IX байнулмилалии “Таҳсил дар Русия. Тоҷикистон-2021” доир мегардад. Имсол намояндагони 26 муассисаи таълимии Русия шароити қабулу таҳсилро муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Маркази илму фарҳаги Русия дар Душанбе хабар додааст.

Бино ба маълумоти марказ, дар аксарияти ин макотиби олӣ айни замон бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла тибқи барномаҳои магистрӣ дар самтҳои гуногун машғули таҳсиланд.

Дар чорабинии кунунӣ инчунин 4 филиали мактабҳои олии Русия дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Намоишгоҳ-ярмарка барои хонандагони синфҳои болоӣ, довталабону донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсилро идома доданианд муфид аст.

Гуфта мешавад, ки дар ин чорабинӣ хоҳишмандон оид ба шароити қабулу таҳсил дар мактабҳои олии Русия, таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои шавқовару муфид барои донишҷӯёни хориҷӣ дар онҳо, шароиту зисту маишат ва стипендияҳои муассисаҳои таълимии ин кишвар маълумоти муфассал дарёфт карда метавонанд.

Зимни кори намоишгоҳ-ярмарка аз намояндагони муассисаҳои таълимӣ бевосита мустақиман метавон машварати зарурӣ дарёфт намуд.

Намоишгоҳ-ярмарка дар Душанбе дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон рӯзи 19 –уми май аз соати 10 то 18:00 ва рӯзи 20 май - аз соати 9 то соати 18:00 кор мекунад.

Дар Хуҷанд бошад намоишгоҳ-ярмарка рӯзи 22-уми май аз соати 10 то 18:00 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки намоишгоҳ-ярмарка аз ҷониби намояндагии Русский дом дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Русия, инчунин сафорати Русия дар Тоҷикистон доир мегардад.


Хитоби Вазорати маориф ба донишҷӯёни тоҷику қирғизи Тоҷикистону Қирғизистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед