Ru  | Tj
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии "FISO" 171 медалро соҳиб гаштанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии "FISO" 171 медалро соҳиб гаштанд
Акс: ASIA-Plus

Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии "FISO" 171 медалро соҳиб гаштанд

Нашр шуд

Толибилмони фаъоли "Литсей барои хонандагони болаёқат"-и шаҳри Хуҷанд дар даври ниҳоии Олимпиадаи "FISO" 171 медали тилло, нуқра ва биринҷиро ба даст овардаанд.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, рӯзи 5-уми март хонандагон дар даври ниҳоии олимпиадаи мазкур ба таври фосилавӣ аз фанҳои математика, табиатшиносӣ, забони англисӣ ва санъати тасвирӣ иштирок намудаанд.

Гуфта мешавад, ки хонандагони Тоҷикистон аксари медалҳои тиллою нуқраро аз фанҳои математика ва англисӣ ба даст овардаанд.

Бояд гуфт, ки шумори иштирокчиёни олимпиадаи мазкур зиёда аз 4000 нафар буда, онҳо дар маҷмӯъ 26 давлати дунёро намояндагӣ кардаанд.

Қобили қайд аст, ки соли гузашта хонандагони "Литсей барои хонандагони болаёқат"-и шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи кишварҳои Англия, Таиланд, Малайзия, Туркия, Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Италия ва Ҳиндустон иштирок варзида, 313 медали тилло, нуқра ва биринҷиро ба даст оварда буданд.


Пирӯзӣ дар Техас. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ чандин медал гирифтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед