Ru  | Tj
Хуҷанд дар озмуни “Сайри гули лола” сазовори ҷойи якум гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Хуҷанд дар озмуни “Сайри гули лола” сазовори ҷойи якум гардид
Расм аз "Новости Центральной Азии"

Хуҷанд дар озмуни “Сайри гули лола” сазовори ҷойи якум гардид

Нашр шуд

Шаҳри Хуҷанд дар озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” бо шинондани 655 ҳазор лола сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии сокинон ва ободии шаҳр иштирок намуданд.

Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии оҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода оид ба рушди иҷтимоӣ ва алоқа бо ҷомеа низ дар ин чорабинӣ ширкат варзид.

Кӯчаи назди бинои маъмурияти вилоят ғолиби озмун яке аз беҳтарин дар ҷумҳурӣ  дониста шуд. Қоидаҳои озмун иборат аз шинондани гулҳои тару тоза ва сунъи бо услубҳои гуногун дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр иборат буд.

Шаҳри Душанбе сазовори гран-при гардид.  Дар пойтахти кишвар тақрибан 6 миллион гули лола шинонда шудааст.

Марҳилаи ниҳоии “Сайри гули лола” 12 апрел дар боғи ба номи Фирдавсӣ баргузор шуд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед