Ru  | Tj
Кинофестивали Тошканд: Сайрам Исоева ҷоиза ва $20 000 ҷоиза гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кинофестивали Тошканд: Сайрам Исоева ҷоиза ва $20 000 ҷоиза гирифт
Акс: Fergana.agency

Кинофестивали Тошканд: Сайрам Исоева ҷоиза ва $20 000 ҷоиза гирифт

Нашр шуд

Дар Кинофестивали "Гавҳари Роҳи Абрешим" Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоеваро барои саҳми арзанда дар рушди синамои ҷаҳонӣ бо ҷоизаи вижа қадрдонӣ намуданд.

Ба иттилои "Азия-плюс", дар ин чорабинии байналмилалии синамо, ки имрӯзҳо дар шаҳри Тошканд гузашта истодааст, ба ҳунарманди театр ва синамои тоҷик Сайрам Исоева ҳайкалча ва мукофоти пулӣ ба андозаи 20 ҳазор доллар тақдим гардид.

Гуфта мешавад, ки ба ҷуз Сайрам Исоева, ҳамчунин Раҷ Капур (Ҳиндустон), Никита Михалков (Русия) ва Нури Билге Ҷейлам ((Туркия) ба гирифтани ин ҷоизаи махсус сарфароз гардидаанд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ҷойи худи Раҷ Капур писараш иштирок намудааст.

Ҷоизаро ба Сайрам Исоева Тимур Бекмамбетов ва директори генералии Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абдухалиқов супоридаанд.

Ҷиҳати иштирок дар маросими кушодашавии Кинофестивали байналмилалии Тошканд ҳудуди 400 синамогар аз кишварҳои гуногун ба пойтахти Қирғизистон омадаанд.

Ҳамчун меҳмонони фахрӣ ситораҳои синамои ҷаҳон ба мисоли Митхун Чакраборти, Озҷан Дениз, Тимур Бекмамбетов, Никита Михалков, Павел Прилучный, Люк Бессон, Стивен Сигал ва дигарон даъват шудаанд.

Тоҷикистон ба фестивал чор филм - "Автобус"-и коргардон Абдулҳай Зокиров, "Рақси зиндагӣ"-и Муҳаббат Сатторӣ, "Сафари ҳавоӣ"-и Далер Раҳматов ва "Хаёлпарастони музофотӣ"-и Румӣ Шоазимов бурдааст.

Киноҳои Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед